27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
11.08.2026 16:45

Додгоҳи Сурия барои Башор Асад ҳукми қатл содир кард

Додгоҳи ҷиноии Димишқ рӯзи сешанбе, 11-уми август, Башор Асад, раиси ҷумҳури пешини Сурия, бародари ӯ Моҳир Асад ва Отиф Наҷиб, яке аз масъулони пешини амниятии ин кишварро ба қатл (эъдом) маҳкум кард.

Бар асоси гузоришҳо, Додгоҳи чоруми ҷиноии Димишқ, ки ба баррасии парвандаҳо машғул аст, Отиф Наҷибро ба ҷинояти куштори барқасдона, шиканҷа ва масъулият дар марги шуморе аз боздоштшудагон гунаҳкор донистааст.

Қозӣ Фахруддин Алъарён ҳангоми эъломи ҳукм гуфтааст, ки Наҷиб дар замони масъулияташ дар бахши амнияти сиёсии вилояти Даръо дар шиканҷаи густардаи боздоштшудагон даст дошта ва дар марги баъзеи онҳо масъулияти мустақим доштааст.

Наҷиб моҳи январи соли 2025 аз ҷониби неруҳои амниятии ҳукумати Аҳмад Шаръ Ҷӯлонӣ дар Лозиқия боздошт шуда буд. Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур дошт.

Дар бахши дигари ҳукм, додгоҳ Башор Асадро ба таври ғоибона барои “куштори барқасдона, шиканҷа, боздошти худсарона ва ҷиноят алайҳи башарият” гунаҳкор донистааст. Додгоҳ иддао кардааст, ки Асад сохторҳои давлатии Сурияро барои анҷоми ин ҷиноятҳо истифода кардааст.

Моҳир Асад, бародари хурдии Башор Асад низ ба қатл маҳкум шудааст. Башор ва Моҳир Асад ва чанд мақоми дигари пешини ҳукумати Сурия, ки гуреза хонда мешаванд, дар мурофиаи ғоибона муҳокима шудаанд.

Ин парванда аз 26-уми апрели соли 2026 дар Додгоҳи чоруми ҷиноии Димишқ оғоз шуда буд. Дар ҷаласаи пешини додгоҳ, ки рӯзи 10-уми май баргузор шуд, ҳуқуқҳои шаҳрвандии гумонбарон маҳдуд ва дороиҳои онҳо таҳти идораи давлат қарор дода шуда буд.

Додситонии кулли Сурия дар ҷаласаи қаблии додгоҳ барои Отиф Наҷиб ва гумонбарони фирорӣ дархости ҳукми эъдом карда буд.

Парванда ба оғози эътирозҳо дар Даръо марбут аст

Қисми асосии парванда ба рӯйдодҳои оғози эътирозҳо дар шаҳри Даръо дар соли 2011 марбут мебошад. Дар он замон Отиф Наҷиб раҳбари бахши амнияти сиёсии ин вилоят буд.

Номи Наҷиб бахусус дар робита ба боздошт ва шиканҷаи иддаошудаи шуморе аз кӯдакони Даръо матраҳ шуда буд. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса аз омилҳои муҳимми шаклгирии эътирозҳои аввалия дар Сурия буд.

Ҳукми рӯзи сешанбе яке аз нахустин ҳукмҳои муҳимми додгоҳӣ пас аз суқути ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад.

Баҳсҳо дар бораи раванди мурофиа

Ҳамзамон, бархе ҳуқушиносон Сурия ба раванди мурофиаи ин парванда интиқод кардаанд. Ин интиқодҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва техникии мурофиа марбутанд.

Ба гуфтаи ин коршиносон, дар қонунҳои ҷиноии Сурия таърифи мушаххасе барои “ҷиноят алайҳи башарият” ва “ҷинояти ҷангӣ” вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, онҳо мегӯянд, ки такяи додгоҳ ба қонунҳои байналмилалӣ барои тавсифи ҷиноятҳо метавонад дар оянда мушкилоти ҳуқуқӣ эҷод кунад.

Ҳамчунин, рӯйдодҳои Даръо ба оғози соли 2011 марбутанд: замоне ки ҷанги дохилӣ дар Сурия ҳанӯз расман оғоз нашуда буд. Бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки ин рӯйдодҳоро наметавон “ҷинояти ҷангӣ” номид.

Дар робита ба мурофиаи ғоибонаи Башор ва Моҳир Асад низ ҳуқуқшиносон мегӯянд, маълум нест, ки оё ба онҳо ба таври дуруст дар бораи мурофиа хабар дода шудааст ё не ва оё барои ҳимояти ҳуқуқҳои онҳо вакили муносиб таъин шудааст ё не.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.