27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
11.08.2026 16:08

Файненшл Таймс: Толибон яке аз саркӯбгартарин низомҳои занситезро эҷод кардааст

“Файненшл Таймз” (Financial Times) дар остонаи панҷсола шудани ҳокимияти гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон мегӯяд, ки ин гурӯҳ пас аз тасаллут бар ин кишвар, яке аз саркӯбгартарин ва занситезтарин низомҳоро эҷод кардаанд.

“Файненшл Таймз” дар мақолае, ки рӯзи душанбе, 10-уми август нашр кардааст, гуфтааст, ки Толибон занон ва духтарони Афғонистонро аз кор, омӯзиш ва рафтуомади озодона маҳрум карда ва онон бо маҳдудиятҳо ва хушунатҳои густарда рӯбарӯ ҳастанд.

Дар ин мақола омадааст, ки барои занон ва духтарони Афғонистон, ҷанг ҳамчунон идома дорад ва онон барои расидагӣ ба ин ҳақи худ ва дарёфти ҳимоят, роҳи муассире дар дохили Афғонистон надоранд.

Ин рӯзнома афзудааст, ки додгоҳҳои Толибон низ сиёсатҳои саркӯбгаронаи ин гурӯҳро иҷро мекунанд ва дар сатҳи минтақаӣ низ додгоҳе вуҷуд надорад, ки занон битавонанд ба он муроҷиат кунанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, танҳо роҳи боқимонда барои онон, додгоҳҳои байналмилалӣ монанди Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (ICC) аст: додгоҳе, ки соли гузашта барои раҳбарони Толибон ба далели ҷиноятҳо алайҳи занон ва духтарон ҳукми боздошт содир кард.

“Файненшл Таймз” ҳушдор додааст, ки фишорҳои хориҷӣ бар ин додгоҳ, ба вижа аз сӯйи давлати Амрико, метавонад адолати байналмилалиро тазъиф ва заминаи боздоштро барои омилони ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият фароҳам кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.