Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Заминларза бо қувваи 7,4 дараҷа дар Колумбия: 123 нафар ба ҳалокат расида ва 570 тан захмӣ шуданд
123 нафар дар пайи заминларзае ба қувваи 7,4 рихтер дар ғарби Колумбия кушта ва 570 тани дигар захмӣ шудаанд.
Расонаҳои байналмилалӣ гузориш додаанд, ки ин заминларза рӯзи душанбе, 10-уми август, минтақаҳое аз ғарби Колумбия, аз ҷумла шаҳрҳои Калӣ, Перейра, Кибдо ва Манисалесро ларзондааст.
Бар асоси гузоришҳо, ин заминларза боиси фурӯ рехтани биноҳо, осеб дидани бемористонҳо ва зерсохторҳо ва зери харобаҳо мондани одамони зиёд шудааст.
Тибқи гузориши Созмони заминшиносии Иёлоти Муттаҳида, ин заминларза яке аз шадидтарин заминларзаҳои сабтшуда дар Колумбия дар қарни XXI будааст.
Раиси ҷумҳури Колумбия пас аз эъломи вазъи фавқулодаи миллӣ гуфтааст, ки наҷоти афроде, ки зери харобаҳо дармондаанд, авлавияти аслии давлат аст.
Неруҳои ёрирасон, полис ва довталабон низ амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот барои пайдо кардани бозмондагон дар минтақаҳои осебдидаро идома медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”