27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:41, Душанбе
11.08.2026 14:03

Пешвои миллат ба таври фосилавӣ иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 11-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хон анда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Зикр мегардад, ки дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Афзуда мешавад, ки дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. 

Ҳамзамон, дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти Президент навиштааст, ки дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Илова бар ин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар деҳаи Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Инчунин, дар деҳаи Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд. Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт. Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.