Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Президенти кишвар дар Ҳисор бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
11-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шароити зарурӣ фароҳам шудааст.
Гуфта мешавад, ки иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ, ду толори маҷлис ва ҳуҷраҳои дигар мебошад. Яке аз бахшҳои муҳими бино китобхона мебошад, ки дар он маҷмӯи васеи адабиёти илмиву бадеӣ, осори арзишманд ва асарҳои Пешвои миллат гирд оварда шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки бунёди иншоот бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдкор Сохтмон Мироҷиддин Ёров амалӣ гардидааст.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар фаъолияти худ масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстиро бештар намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”