Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сарвари давлат дар Ҳисор Гулгашти Дуои модарро ба истифода доданд
Имрӯз, 11-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардидааст. Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд.
Дар маркази Гулгашти Дуои модар муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат модар мебошад.
“Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”