27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
11.08.2026 08:45

Толибон ва Туркманистон дар бораи пешрафти лоиҳаи ТАПИ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтугӯ кардаанд

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии Раёсати вазирони гурӯҳи террористии Толибон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари миллии Туркманистон, дар бораи охирин пешрафтҳои лоиҳаи ТАПИ (TAPI, Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон) ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду тараф гуфтугӯ кардаанд.

Хабаргузории “Бохтар”-и таҳти назорати Толибон рӯзи душанбе, 10-уми август гузориш додааст, ки ин дидор дар Турғундии вилояти Ҳирот анҷом шудааст.

Муовини иқтисодии Толибон ҳамчунин, хостори ҳалли мавзуъҳои боқимондаи пружаи ТАПИ ва фароҳамсозии имкониятҳои кории бештар барои афғонҳо шудааст.

Дар ин дидор бар бозгушоии Бандари Ойкрим барои транзити нафт, интиқоли молҳои Афғонистон аз бандари Туркманбошӣ, фаъолсозии роҳи Лоҷвард ва бозсозӣ ва тавсеаи хати оҳани Ҳирот–Турғунди низ таъкид шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов равобити миёни ду тарафро дар бисёр хуб тавсиф намуда ва гуфтааст, ки Туркманистон омодаи ҳамкорӣ барои такмили пружаи ТАПИ то Ҳирот, сохтани шабакаи тавзеи газ ва оғози амалии пружаи ТАП аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.