Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сенатори амрикоӣ хостори истеъфои сафири Амрико дар Исроил шуд
Крис Ван Ҳоллен, сенатори амрикоӣ, хостори истеъфои Майк Ҳакабӣ, сафири Амрико дар Исроил, шудааст.
Сенатор Ҳоллен, шаби гузашта, 10-уми август, дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишта, ки сафири Амрико дар Исроил дар муҳофизат аз шаҳрвандони амрикоӣ шикаст хӯрдааст.
Ин сенатори амрикоӣ, сафири кишварашро муттаҳам кардааст, ки ба сухангӯи Исроил табдил шудааст.
Ӯ гуфтааст: “Дар ҳоле ки хушунат Каронаи Бохтариро фаро гирифта ва ифротгароён хостори Исроили бузург ҳастанд, ӯ ба сухангӯи давлати Исроил табдил шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ, тарҳи сулҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, барои Ғазза аз сӯйи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рад шудааст.
Бо ин ҳол, Исроил наздиктарин муттаҳиди Амрико дар Ховари Миёна аст ва ҳимоятҳои густардаи низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ Вашингтонро бо худ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”