27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
10.08.2026 18:52

Аврупо бори дигар гирифтори буҳрони муҳоҷирати худсохта шуд

Ҳуҷуми 70 ҳазор муҳоҷир аз Марокаш ба минтақаи Сеутаи Испания ва кушта шудани 88 нафар, бори дигар буҳрони муҳоҷират дар Аврупоро ба меҳвари ихтилофҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо табдил додааст.

Ворид шудани ҳудуди 70 ҳазор нафар аз Марокаш ба Сеута, минтақаи таҳти назорати Испания дар шимоли Африқо, дар рӯзҳои охир ба буҳрони нави дипломатӣ дар Иттиҳоди Аврупо табдил шудааст.

Дар ҷараёни ин мавҷи ногаҳонии муҳоҷират, бисёриҳо барои гузаштан аз марз чандин километр шино кардаанд, то аз монеаҳои сарҳадӣ гузаранд. Дар ин миён, 88 нафар танҳо дар давоми 48 соат ғарқ шудаанд. Полиси Испания бо ҳамкории мақомоти Марокаш бештари муҳоҷиронро ба ин кишвар баргардондааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз бо паёмадҳои буҳрони муҳоҷирати соли 2015 дасту панҷа нарм мекунад: буҳроне, ки беш аз як миллион нафарро ба Аврупо овард ва ихтилофҳои шадидеро миёни кишварҳои узв бар сари тақсими масъулияти қабули муҳоҷирон ба вуҷуд овард.

Ба навиштаи таҳлилгарон, мавҷи ахир танҳо натиҷаи паҳн шудани овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё афзоиши ногаҳонии шумораи афроде, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Аврупо ҳастанд, нест, балки бозтоби мушкилоти амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар шимоли Африқо ва набуди сиёсати ҳамоҳанг дар Аврупост.

Дар минтақаҳои шимолии Марокаш, фарқи иқтисодӣ миёни ҷомеаҳои маҳаллӣ ва Сеута бисёр чашмгир аст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Марокаш дар соли 2024 тақрибан 4 ҳазору 153 доллар буд, дар ҳоле ки ин рақам дар Сеута ба тақрибан 26 ҳазору 774 доллар мерасид. Норасоии имкониятҳои корӣ ва таҳсил аз муҳимтарин омилҳоест, ки муҳоҷирон барои ҳаракат ба сӯйи Аврупо унвон мекунанд.

Ҳамзамон, нақши Марокаш низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ин кишвар дар даҳсолаҳои гузашта бар ивази гирифтани кумакҳои молӣ ва имтиёзҳои дипломатӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои назорати муҳоҷират ҳамкорӣ кардааст. Бо ин ҳол, бархе нозирон эҳтимол медонанд, ки мавҷи ахир бидуни чашмпӯшӣ ё ҳамкории марзбонони Марокаш наметавонист бо чунин фарогирие рух диҳад.

Дар дохили Аврупо низ вокунишҳо бори дигар шикофи сиёсӣ бар сари муҳоҷиратро ошкор кардааст. Ҷорҷия Мелонӣ, нахуствазири ростгарои Италия, ин ҳодисаро намунае аз таҳдиди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои амнияти марзҳои Аврупо донистааст. Чанд кишвари аврупоӣ низ хостори маҳдуд кардани иштироки Испания дар минтақаи Шенген шудаанд.

Нишасти изтирории вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо дар 4-уми август дар ниҳоят ба афзоиши буҷети ҳифзи марзҳо, ҳамкорӣ бо кишварҳои африқоӣ ва ташдиди раванди ихроҷи муҳоҷирон сабаб шудааст.

Бо ин ҳол, таҳлилҳо ҳушдор медиҳанд, ки тамаркуз танҳо бар назорати марзҳо бидуни ҳалли решаҳои иқтисодӣ, заъфи ҳукуматдорӣ ва нобаробарӣ дар кишварҳо буҳрони муҳоҷиратро ҳал нахоҳад кард ва эҳтимолан Аврупо бори дигар шоҳиди мавҷҳои ногаҳонӣ ва густардаи муҳоҷират хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.