27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
10.08.2026 18:29

Бақоӣ: “Амнияти минтақа ба воситаи Амрико таъмин намешавад: ин кишвар худ омили ноамнӣ аст”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, мегӯяд амнияти минтақа аз тариқи Амрико таъмин намешавад, зеро ба гуфтаи ӯ, Амрико худ бахше аз ноамнӣ дар минтақа аст.

Бақоӣ рӯзи душанбе, 10-уми август, гуфт, ки набояд ин тасаввур вуҷуд дошта бошад, ки амнияти минтақа аз тариқи Амрико таъмин мешавад.

Ӯ афзуд, ки Амрико шароитеро фароҳам мекунад, ки Исроил битавонад бидуни ҳарос аз ҷавобгарӣ, ҷанг ба вуҷуд биоварад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки Амрико аз Исроил дар сатҳи сиёсӣ ва амниятӣ ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи Бақоӣ, Исроил бидуни ҳимояти Амрико наметавонист ин иқдомотро анҷом диҳад ва ҳамчунон идома диҳад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо ва даргириҳо миёни Эрон ва Исроил, бо ҳимояти сиёсӣ ва низомии Амрико аз Исроил, ба яке аз меҳварҳои асосии ихтилофоти минтақаӣ табдил шудааст.

Теҳрон борҳо аз нақши Вашингтон дар ҳимоят аз Исроил интиқод карда ва Амрикоро масъули ташдиди ноамнӣ ва бесуботӣ дар Ховари Миёна донистааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.