Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: Тангаи Ҳурмуз ба вазъияти пеш аз ҷанг боз нахоҳад гашт
Алӣ Некзод, муовини Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон, мегӯяд Тангаи Ҳурмуз ба вазъияти пеш аз ҷанг боз нахоҳад гашт.
Некзод рӯзи душанбе, 10-уми август, дар Маҷлиси Эрон гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷараёни ҷанг кӯшиш кардааст ба тарафи муқобил бифаҳмонад, ки вазъияти Тангаи Ҳурмуз пас аз ҷанг тағйир кардааст.
Ӯ афзуд, ки тарафи муқобил кӯшиш кардааст ин мавзуъро нодида бигирад.
Ба гуфтаи Некзод, тарафи муқобил акнун дарёфтааст, ки боз кардани Тангаи Ҳурмуз роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд “назми нави минтақа”-ро бипазирад.
Ӯ дар айни ҳол гуфт, ки муҳимтарин авлавияти кунунии Эрон коҳиши чолишҳои иқтисодии ин кишвар аст.
Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафт дар ҷаҳон аст ва дар солҳои охир ба яке аз нуқтаҳои асосии таниш миёни Эрон ва Амрико ва муттаҳидонаш табдил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”