Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Се вилояти Ироқ барои идомаи хидматрасонӣ ба зоирони Арбаъин таътил шуданд
Мақомоти Ироқ эълом карданд, ки се вилояти ин кишвар рӯзи чоршанбе ба хотири идомаи хидматрасонӣ ба зоирони Арбаъини Имом Ҳусайн таътил мебошанд.
Вилоятҳои Карбало, Наҷаф ва Бобил рӯзи чоршанбе, 5 август, ба таври расмӣ таътил эълон шуданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин тасмим барои идомаи хидматрасонӣ ба миллионҳо зоири Арбаъин ва қадрдонӣ аз талошҳои кормандони давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ гирифта шудааст.
Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ (INA), мақомоти вилояти Карбало эълон кардаанд, ки рӯзи чоршанбе ба нишони қадрдонӣ аз талошҳои густурдаи мардум ва идораҳои давлатӣ дар ҷараёни баргузории маросими Арбаъин таътил хоҳад буд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ин тасмим ба хотири фароҳам кардани имкони идомаи хидматрасонӣ ба зоирон ва тақвияти омодагиҳо барои идораи ҷамъияти бузурги зоирон гирифта шудааст.
Дар вилояти Наҷаф низ рӯзи чоршанбе таътил эълон шудааст.
Ҳусайн Ал-Исоӣ, раиси Шӯрои вилояти Наҷаф, гуфтааст, ки тасмими таътил дар пайи афзоиши ҳарорати ҳаво ва талошҳои густурдаи кормандони идораҳои давлатӣ дар рӯзҳои зиёрати Арбаъин гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва хидматрасон дар рӯзҳои баргузории маросим барои таъмини ниёзҳои зоирон ва идора кардани вазъи мавҷуда талошҳои зиёд анҷом додаанд.
Вилояти Бобил низ ба манзури идомаи хидматрасонӣ ба зоирони Арбаъин рӯзи чоршанбе расман таътил эълон шудааст.
Таътили ин се вилоят дар ҳоле сурат мегирад, ки миллионҳо зоир барои иштирок дар маросими Арбаъин дар шаҳрҳои муқаддаси Ироқ ҳузур доранд. Мақомоти маҳаллӣ дар ин рӯзҳо ҳамзамон бо таъмини амният, интиқоли зоирон, таъмини обу ғизо ва хизматрасониҳои тиббӣ талош доранд, фишор бар зерсохторҳои шаҳрӣ ва хадамоти давлатӣ коҳиш дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”