Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду медали хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалӣ зеҳни сунъӣ
Аз 2-юм то 8-уми август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ - International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар ин чорабинии илмӣ беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор санҷиданд.
Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чаҳор нафар, Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов, Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов, Фарангис Ҳаётова, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродҷон Хайраков, хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки хонандагони тоҷик соҳиби ду медал гардиданд. Ин дастовард барои дастаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок намуд, натиҷаи назаррас ва ифтихорофарин ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”