Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тазоҳуроти густурда дар Сеута: эътирозгарон хостори истеъфои нахуствазири Испания шуданд
Ҳазорон нафар аз сокинони Сеута, минтақаи таҳти ҳокимияти Испания дар шимоли Африқо, рӯзи якшанбе дар Майдони Конститутсияи ин шаҳр ҷамъ омада, ба шеваи идораи ҳукумати Педро Санчес дар баробари буҳрони ахири муҳоҷират эътироз карданд.
Эътирозгарон бо парчамҳои Испания ба кӯчаҳо баромада, хостори истеъфои Педро Санчес, нахуствазири ин кишвар шуданд. Яке аз шиорҳои асосии тазоҳуркунандагон “Педро Санчес, истеъфо” будааст.
Бар асоси гузориши расонаҳои испанӣ, полис шумори ширкаткунандагон дар ин тазоҳуротро тақрибан 5 ҳазор нафар эълом кардааст. Аммо созмондиҳандагони тазоҳурот мегӯянд, ки беш аз 10 ҳазор нафар дар он иштирок кардаанд.
Ин тазоҳурот пас аз он баргузор шуд, ки Сеута дар ҳафтаҳои охир бо яке аз мавҷҳои бесобиқаи вуруди муҳоҷирон аз қаламрави Марокаш рӯбарӯ шуд. Ин вазъ бори дигар масъалаи назорати марзҳои Испания ва сиёсати муҳоҷиратии ҳукумати Педро Санчесро ба як мавзуи баҳсбарангези сиёсӣ табдил додааст.
Бар асоси маълумоти манбаъ, рӯзи 8-уми август тақрибан 50 ҳазор нафар аз мардуми Марокаш бо эҷоди бесарусомонии густурда ба марзҳои вурудии Испания ҳамла карда ва вориди шаҳри Сеута шудаанд. Ин ҳодиса масъулони Испанияро бо буҳрони инсонӣ рӯбарӯ кардааст.
Пас аз ин ҳодиса, вокунишҳо ба сиёсати ҳукумати Испания дар мавриди муҳоҷират афзоиш ёфтааст. Якшанбеи ҳафтаи гузашта низ ҳазорон нафар, ки аксаран аз ҷонибдорони ҷиноҳи рости Испания буданд, дар кӯчаҳои Мадрид ба тазоҳурот баромада, ба шеваи идораи ҳукумати ин кишвар дар баробари буҳрони муҳоҷират дар минтақаи худмухтори Сеута эътироз карданд.
Эътирозгарон бо шиорҳо ҳукумати сотсиалистии Педро Санчесро мустақиман масъули буҳрони муҳоҷират дар Сеута донистаанд.
Сеута, ки дар шимоли Африқо таҳти ҳокимияти Испания қарор дорад, яке аз минтақаҳои муҳимми марзии ин кишвар бо Марокаш ба шумор меравад. Мавҷи ахири вуруди муҳоҷирон дар ин минтақа масъалаи назорати марз ва сиёсати муҳоҷирати ҳукумати Мадридро дубора дар маркази баҳсҳои сиёсӣ қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”