Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон иддаои Толибон дар мавриди қочоқи силоҳ ба Афғонистонро “беасос” хонд
Вазорати иттилооти Покистон иддаоҳои матраҳшуда аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибонро дар мавриди қочоқи силоҳ аз Покистон ба Афғонистон “беасос ва пуч” хонда ва рад кардааст.
Рӯзномаи “Дон”, рӯзи якшанбе, 9-юми август гузориш дода, ки Покистон дар баёнияе гуфтааст иддаои Толибон оиди қочоқи силоҳ аз Покистон ба Афғонистон барои “фаъолиятҳои харобкорона” беасос аст.
Бар асоси гузориш, ин ниҳоди Покистон гуфтааст, ки ба назар мерасад талошҳо барои эҷоди иртиботи Покистон бо чунин силоҳҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ аз нигарониҳои бисёр ҷиддитар тарроҳӣ шудааст.
Ба гуфтаи Вазорати иттилооти Покистон, гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон дар хоки Афғонистон фазо, аслиҳа ва озодии амалиётӣ барои барномарезӣ, пуштибонӣ ва иҷрои ҳамлаҳо дар дохили Покистон пайдо мекунанд.
Бо ин ҳол, Покистон дар солҳои охир ҳамвора Толибонро ба ҳимояти гурӯҳҳои зиддипокистонӣ гунаҳкор медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”