Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сокинони Ҳироти Афғонистон: дар панҷ сол пас аз суқути озодӣ имкониятҳои зиндагиро аз даст додаем
Шуморе аз сокинони шаҳри Ҳироти Афғонистон мегӯянд, ки дар панҷ соли гузашта, пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон, чолишҳо ва мушкилоти зиндагии онҳо ба гунаи чашмгире афзоиш ёфтааст.
Манобеи маҳаллӣ рӯзи якшанбе, 9-уми август дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки идомаи маҳдудиятҳо ва шароити душвори кунунӣ, зиндагиро барои онҳо мушкил сохта ва дигар таҳаммули ин вазъият барои бисёре аз сокинони ин вилоят душвор шудааст.
Онон мегӯянд, ки дар ҷараёни ин панҷ сол, бисёре аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ, аз ҷумла озодии шахсӣ, ҳаққи таҳсил, кор, пешрафт, тафреҳ ва доштани оромишро аз даст додаанд.
Сокинони Ҳирот ҳамчунин, аз афзоиши мушкилоти иқтисодӣ, фақр ва гуруснагӣ изҳори нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки таъмини ниёзҳои аввалияи оилаҳояшон барои онҳо душвор шудааст.
Ба гуфтаи онон, набудани имкониятҳои корӣ ва коҳиши тавони иқтисодии оилаҳо боис шудааст, ки бисёре аз мардум ҳатто барои таъмини хароҷоти рӯзмарраи зиндагӣ бо мушкил рӯбарӯ шаванд.
Сокинони Ҳирот аз Толибон мехоҳанд маҳдудиятҳои мавҷудро коҳиш дода ва заминаи кор, таҳсил, озодиҳои фардӣ ва як зиндагии босубот ва оромро барои мардуми кишвар фароҳам кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”