26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:44, Душанбе
08.08.2026 15:02

Аз А то Я-и «School 21» дар Тоҷикистон

Технологияҳои рақамӣ босуръат ба қисми ҷудонашавандаи зиндагии инсон табдил меёбанд ва бозори меҳнат низ ҳарчи бештар ба мутахассисони соҳаи IT ниёз дорад. Бо ҳамин ҳадаф дар Душанбе «School 21» мактаби ройгони технологияҳои рақамӣ ба фаъолият оғоз кард.

Мо бо намояндаи «School 21» Фирӯза Сафарова дар бораи тарзи қабул, усули омӯзиш, ихтисосҳои пешниҳодшаванда ва имкониятҳое, ки барои ҷавонони тоҷик фароҳам меорад, суҳбат кардем.

- Чаро маҳз «School 21» ном гирифт?

- Сабаб он аст, ки «School 21» донишу малакаҳои рақамии барои асри XXI зарурро пешниҳод мекунад.

- Тавре медонем, қабули довталабон ба «School 21» оғоз шудааст. Бигӯед, ки таваҷҷуҳи мардум чӣ гуна аст ва кадом талабот барои довталабон пешбинӣ шудааст?

- Мардум ба «School 21» таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд. Дар «School 21» ҳамаи хоҳишмандони аз 18-сола боло таҳсил карда метавонанд. Дар байни иштирокчиёни мо ҳам мутахассисони IT ва ҳам касоне ҳастанд, ки бо ин соҳа ошноӣ надоранд. Талаботи асосӣ ин аст, ки довталабон бояд хоҳиши омӯзиш дошта бошанд, то ки як касби навро аз худ кунанд.

- Дар сомонаи «School 21» бо ибораи марҳилаи 14-рӯзаи «бассейн» вохӯрдем. Ин чӣ маъно дорад ва барои чӣ лозим аст?

- Марҳилаи 14-рӯзаи интихобӣ - «Ҳавз» («бассейн») қисми муҳимтарин ва ҷолибтарини раванди қабул ба «School 21»  мебошад. Ин танҳо имтиҳон нест, балки воридшавии комил ба муҳити IT мебошад. Пас аз гузаштани ин интенсив, довталабон ба таҳсили асосӣ ворид мешаванд.

- Тибқи маълумоти дастрас, зиёда аз 20 самт дар «School 21» омӯзонида мешавад. Лутфан, доир ба самтҳои омӯзиш маълумот диҳед.

- Пас аз гузаштани марҳилаи 14-рӯзаи интихобӣ, иштирокчиён имкон пайдо мекунанд, ки ба таҳсили асосӣ ворид шаванд ва самти худро интихоб кунанд. Ҳоло дар «School 21»  омӯзиши касбҳои зерин имконпазир аст.

Самтҳои барномасозӣ: Backend-барномасоз (C++, Java, Python, Go, C#, Kotlin, Swift, JavaScript), Frontend-барномасоз (JS + HTML + CSS), Барномасози мобилӣ (iOS/Android) Барномасози бозиҳои компютерӣ.

Самтҳои ғайрикодерӣ: Киберамният (Cybersecurity), Илми маълумот (Data Science), Таҳлили системавӣ ва бизнес, DevOps ва таъмини фаъолияти бефосилаи хадамоти пурбор, QA, Биоинформатика, Project Management, Product Management, UX/UI-дизайн.

Бояд гуфт, ки таҳсили асосӣ вобаста ба самти интихобшуда ва суръати омӯзиш аз 9 моҳ то 2 сол давом мекунад. Иштирокчиён худашон суръати омӯзишро мустақилона муайян менамоянд.

- Дар «School 21» муаллим нест, оё бидуни омӯзгор мутахассис шудан мумкин аст?

- Бале, мумкин аст. Инро таҷрибаи ҳазорон хатмкунанда исбот мекунад. Дар соҳаи IT муҳимтарин чиз қобилияти мустақилона пайдо кардани ҳалли вазифаҳост, на танҳо ёд гирифтани назария. Ба ҷои муаллим се унсури асосӣ кор мекунанд: Формати Peer-to-Peer («Баробар ба баробар»). Яъне донишҷӯён аз якдигар меомӯзанд, якҷоя роҳи ҳалро меҷӯянд, рамзро месанҷанд ва кори даставиро рушд медиҳанд. Платформаи интеллектуалӣ: Он вазифаҳои амалиро пешниҳод мекунад, равандро равона месозад ва натиҷаҳоро ба таври худкор месанҷад. Маҳорати ҷустуҷӯи мустақилона: Иштирокчиён тарзи дуруст кор кардан бо ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ҷустуҷӯи маълумотро мисли барномасозони воқеӣ меомӯзанд.

- Раванди омӯзиш чӣ гуна мешавад?

Барои ҳамаи самтҳое, ки дар мактаб барои интихоб дастрасанд, омӯзиш аз «ҳавз» марҳилаи ниҳоии интихобӣ оғоз меёбад. Ин марҳила ба таври ҳузурӣ дар кампуси «School 21» мегузарад ва 14 рӯз давом мекунад. Диққати асосӣ ба забони барномасозии C равона карда шудааст, ки он ҳамчун таҳкурсӣ барои ғӯтавар шудан ба соҳаи технологияҳои рақамӣ хизмат мекунад. Иштирокчиёне, ки «ҳавз»-ро бо муваффақият мегузаранд, ба таҳсили асосӣ ворид мешаванд. Таҳсили асосӣ аз нӯҳ моҳ то ду сол давом мекунад. Ҳамаи донишҷӯён дар бахшҳои IT-и ширкатҳо коромӯзии семоҳаро мегузаранд. Ҳар як хатмкунандаи мактаб кам андар кам ду забони барномасозиро мукаммал меомӯзад. Супоришҳо дар асоси кейсҳои воқеӣ тартиб дода шудаанд. Вазифаҳои шабеҳро бахшҳои гуногуни IT-и ширкатҳои калон ҳал мекунанд. Аз ҳамин сабаб, иштирокчиён фавран дониш ва маҳоратҳоеро мегиранд, ки дар кор ба дард мехӯранд. Иштирокчиён аз рӯзҳои аввали омӯзиш ба муҳите ғӯтавар мешаванд, ки муҳити кории ширкатҳои IT-ро меомӯзанд.

- Оё самти омӯзишро дар миён иваз кардан мумкин аст?

- Пас аз қабул шудан, довталабон имкон доранд, ки самтҳои гуногунро санҷанд ва интихоби ниҳоиро пеш аз лоиҳаи сеюм мекунанд. Ҳамин ки се лоиҳаро аз рӯи як самт иҷро намуданд, он самти асосии онҳо мегардад ва дигар иваз кардан мумкин нест.

- Оё имкон дорад, ки довталаб курсро пурра гузарад, вале муҳимиятҳоро аз худ накунад ва соҳибкасб нашавад?

- Не, ин ғайриимкон аст. Системаи таълимии «School 21» ба методологияи Peer-to-Peer ва омӯзиши амалӣ (Project-based learning) асос ёфтааст. Ин ҷо назарияи хушк ва ёдгирии одӣ нест. Барои гузаштан аз як марҳила ба марҳилаи дигар, донишҷӯ бояд лоиҳаҳои воқеиро мустақилона иҷро кунад ва онҳоро назди ҳамсабақони худ ҳимоя намояд. Платформа ва системаи санҷиш имкон намедиҳанд, ки шахс бидуни дарки амиқи мавзуъ ва ба даст овардани маҳорати амалӣ ба пеш ҳаракат кунад.

- Оё хатмкунандагон диплом мегиранд?

- Пас аз хатми омӯзиш хатмкунандагон сертификати «School 21»-ро ба даст меоранд.

- Омӯзиш бо кадом забон аст?

- Омӯзиш дар «School 21» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мегузарад. Забони англисӣ дар рафти таҳсил барои кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ муфид аст, аммо барои дохил шудан дониши баланди забони англисӣ талаб карда намешавад.

- Дар ҷаҳон садҳо марказҳои омӯзиши IT фаъоланд. «School 21» аз онҳо бо чӣ фарқ мекунад?

- «School 21» аз дигар марказҳои омӯзишӣ фарқ мекунад. Омӯзиш дар асоси методологияи Peer-to-Peer сурат мегирад. Донишҷӯён аз якдигар меомӯзанд, якҷоя лоиҳаҳоро иҷро мекунанд ва рамзи (код)-и якдигарро месанҷанд. Нақши муаллимро платформаи махсуси мактаб мебозад, ки вазифаҳои амалиро пешниҳод карда, раванди омӯзиш ва санҷишро ба таври автоматикӣ назорат мекунад. Кампус шабонарӯз ва бе рӯзҳои истироҳат кушода аст. Ҳар як иштирокчӣ метавонад график ва суръати омӯзиши худро мустақилона танзим кунад. Ва аз ҳама муҳим, таҳсил пурра ройгон аст.

- Оё хатмкунандагон бештар барои бозори меҳнати Тоҷикистон омода мешаванд ё барои ширкатҳои байналмилалӣ?

- Мақсади асосии мо омода кардани мутахассисони баландпоя барои бозори меҳнати Тоҷикистон мебошад. «School 21» пеш аз ҳама барои он фаъолият мекунад, ки соҳаи IT-ро дар кишварамон рушд диҳад ва ширкатҳои маҳаллӣ, бонкҳо, ташкилотҳо ва лоиҳаҳои давлатиро бо муҳандисони дорои маҳорати амалӣ таъмин намояд. Ҳамзамон, азбаски омӯзиш дар асоси стандартҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ сурат мегирад, хатмкунандагони мо донишҳои сатҳи байналмилалиро дар худи Тоҷикистон ба даст меоранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бе тарк кардани кишвар, рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Тоҷикистонро ба муваффақиятҳои нав расонанд.

- Омӯзиш дар «School 21» пурра ройгон аст. Оё чизи ройгон қадрашро гум намекунад?

- Дар «School 21» ройгон будани омӯзиш маънои бекадр будани онро надорад. Ҳеҷ кас ба ин ҷо ба осонӣ намеояд. Довталабон аз марҳилаи мушкили 14-рӯзаи интихобӣ мегузаранд. Касе, ки ин қадар меҳнат карда, аз интихоб мегузарад, арзиши ин ҷойро хуб медонад. Омӯзиш ройгон аст, аммо осон нест. Донишҷӯён вақту энергия ва фикри худро сарф мекунанд. Бе ҳавас ва интизоми мустаҳкам то охир расидан имкон надорад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.