27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
08.08.2026 10:55

Трамп Швейтсарияро таҳдид кард: “Бо як имзо иқтисодатонро аз байн мебарем”

Доналд Трамп, раиси ‌ҷумҳури ИМА, дар идомаи ҷанги тиҷоратии худ ин бор Швейтсарияро ҳадафи таҳдид қарор дода, гуфтааст, ки бо як имзо метавонад иқтисоди ин кишварро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кунад.

Трамп дар мусоҳибаи ахираш бо ишора ба вазъи тиҷоратии Вашингтон бо Швейтсария гуфтааст, ки ИМА тақрибан 39 миллиард доллар ҳамкории тиҷоратӣ бо ин кишвар дорад ва ӯ метавонад танҳо бо як тасмим онро аз байн барад.

Раиси‌ ҷумҳури ИМА гуфтааст: “Метавонам бо як имзо ин ҳамкориро аз байн бубарам ва онҳо дигар як кишвари пешрафта нахоҳанд буд”.

Ӯ афзудааст: “Кофист бигӯям, ки соатҳо ва молҳои шуморо намехоҳам: дар ин сурат ИМА аз 39 то 41 миллиард доллар сарфа мекунад ва Швейтсария аз як кишвари пешрафта ба кишваре бо мушкилоти ҷиддӣ табдил хоҳад шуд”.

Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед ҷанги тиҷоратӣ ва тарофаиро алайҳи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони Вашингтон дар Аврупо, роҳандозӣ кардааст.

Раиси‌ ҷумҳури ИМА дар поёни суханонаш бо лаҳни кинояомез гуфтааст: “Хушбахтона, ман одами меҳрубон ҳастам”.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.