Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иштироки Далер Ҷумъа дар ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Туркистон бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамраев ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА баррасӣ гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин, масъалаи таҳияи лоиҳаи Нақшаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сирдарё мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорони ҷаласа таҳияи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ барои баррасии ин масъала гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”