Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ таъсис меёбад
Вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатарро бо роҳбарии муовини вазир доктор Ҳариб Муҳаммад Саид Алҷабрӣ баргузор гашт.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсис ва ташкили фаъолияти «Маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби Қатар омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба таъсиси чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иброз дошт.
Манбаъ навиштааст, ки таъсиси маркази мазкур барои ҳар ду кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, барои ба сатҳи нав баровардани низоми омодасозии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.
“Марказ имконият фароҳам меорад, ки омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Давлати Қатар, омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси шаҳрвандон, инчунин мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври самаранок таъмин гардад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”