Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Танишҳо дар минтақаи Ховари Миёна: артиши Яман аз анҷоми амалиёт бар зидди ҳусиҳо хабар дод
Артиши Яман гуфта, ки неруҳояш дар чандин ҷабҳа амалиётҳоеро алайҳи неруҳо ва таҷҳизоти ҳусиҳо анҷом додааст.
“Ал-Ҷазира”, рӯзи шанбе, 8-уми август, гузориш дода, ки ин мавзуъро як сухангӯи артиши Яман дар телевизиони расмии ин кишвар баён кардааст.
Бар асоси гузориш, артиши Яман гуфта, ки ин амалиётҳо дар посух ба он чӣ ҳамлаҳои такрории ҳусиҳо алайҳи неруҳои давлатӣ ва ғайринизомиён хонда мешавад, анҷом шудааст.
Артиши Яман ҳушдор дода, ки ҳамлаҳои ҳусиҳо бо посухи низомии қотеъ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир, ҳусиҳои ҳоким бар шимоли Яман бар киштиҳо ва таъсисоти нафтии Арабистон дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳамла кардаанд.
Ҳусиҳо як гурӯҳи муттаҳиди Эрон ба шумор мераванд ва аз чанд сол ба ин сӯ, назорати Санъо, пойтахти Яманро дар ихтиёр доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”