Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Ҳашт сол дар Бернабеу кам аст”. Винисиус Жуниор шартномаашро бо “Реал Мадрид” тамдид кард
Ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” Винисиус Жуниор шартномаашро бо дастаи шоҳона ба муҳлати шаш сол тамдид кард. Акнун то тобистони соли 2032 ӯ дар дастаи дӯстдоштааш мемонад.
Футболбози бразилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навишт: “Ҳашт сол дар Бернабеу кам аст, боз шаш соли дигар ва то охир”.
Шартномаи Винисиус Жуниор бо “Реал Мадрид” тобистони соли оянда тамом мешуд ва агар имсол онро тамдид намекард, соли оянда ройгон ба дилхоҳ бошгоҳ ҳаққи гузаштан дошт. Ҳатто дар рӯзҳои охир бошгоҳи “Арсенал” барои ба даст овардани футболбози бразилӣ кӯшиши зиёд кард, аммо муваффақ нашуд.
Винисиус Жуниор аз соли 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” баромад мекунад ва дар 378 бозӣ 128 гол ва 100 паси головар дорад. Дар ин муддат ҳамлагар 14 ҷоиза, аз ҷумла ду Лигаи қаҳрамонҳо, се Ла Лиги, як Ҷоми Испания, се Чемпионати ҷаҳонии клубҳо, се Суперҷоми Испания ва ду Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”