Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори иттилоотии ИМА: Русия эҳтимол ба як кишвари узви НАТО “ҳамлаи маҳдуд” анҷом диҳад
Бар асоси арзёбиҳои нави иттилоотии Иёлоти Муттаҳида, эҳтимол дорад Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба яке аз кишварҳои узви НАТО “ҳамлаи маҳдуд” анҷом диҳад. Ба гуфтаи мансабдорони амрикоӣ, ҳадафи чунин иқдом метавонад санҷидани азми эътилофи НАТО ва эҷоди ихтилоф дар миёни аъзои он бошад.
Рӯзномаи “Уолл-стрит журнал” гузориш додааст, ки ин арзёбиҳои иттилоотӣ сенарияҳои эҳтимолиро аз ҳамлаҳои киберӣ то истифодаи гурӯҳҳои мусаллаҳи ношинос ва ё ҳамлаи заминии хурдмиқёси Русия ба узви шарқии НАТО дар бар мегиранд.
Пештар арзёбиҳои иттилоотии ИМА бар ин буданд, ки Путин то замоне ки ҷанг дар Украина идома дорад, аз таҳрики як кишвари узви НАТО худдорӣ хоҳад кард. Аммо бар асоси арзёбиҳои нави мақомоти амрикоӣ, фишорҳои дохилӣ барои ба даст овардани пирӯзӣ дар ҷанги Украина метавонад ӯро дар ҳолати бунбаст хатарноктар кунад.
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки ҳадафи эҳтимолии Русия аз чунин иқдом “эҷоди шикоф дар иттиҳоди НАТО” хоҳад буд.
Ҳизер Конли, узви Пажӯҳишгоҳи “Энтерпрайзи Амрико”, гуфтааст, ки масъалаи асосӣ вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба чунин ҳамла хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ҳамешагии Русия ба чолиш кашидани эътибори НАТО ва ҷудо кардани Амрико аз муттаҳидонаш будааст.
Конли афзудааст, ки яке аз мушкилоти асосии НАТО вокуниш ба ҳамлаҳои маҳдуд дар доираи моддаи 5-и паймони ин эътилоф аст, зеро муттаҳидон то имрӯз талош кардаанд аз густариши низоъ пешгирӣ кунанд.
Бар асоси арзёбиҳои нави иттилоотии ИМА, эҳтимоли ҳамлаи Русия ба яке аз аъзои НАТО метавонад дар тирамоҳи соли ҷорӣ ва ё соли 2029 сурат гирад.
Мартин О Доннелл, сухангӯи НАТО, гуфтааст, ки ин эътилоф ҳамеша сенарияҳои гуногунро баррасӣ мекунад ва барои онҳо омодагӣ мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”