Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрдуғон барои дидор бо Муҳаммад ибни Салмон ба Арабистони Саудӣ меравад
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, қарор аст барои сафари якрӯза ба Арабистони Саудӣ биравад ва бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар, дидору гуфтугӯ кунад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи ҷумъа, 7-уми август гузориш додааст, ки ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки буҳрон дар тангаи Ҳурмуз ва тангаи Бобулмандаб рӯ ба ташдид аст.
Бар асоси гузориш, Эрдуғон қарор аст рӯзи ҷумъа ба Арабистони Саудӣ биравад ва бо Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, валиаҳд ва нахуствазири Арабистони Саудӣ, дидор кунад.
Идораи иртибототи раёсати ҷумҳури Туркия эълом кардааст, ки раиси ҷумҳури ин кишвар ҳамчунин, бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи меҳварҳои гуфтугӯҳои Эрдуғон бо мақомоти Арабистони Саудӣ ва Покистон мунташир нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”