27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
07.08.2026 10:18

ЮНИСЕФ: Исроил аз замони эълони оташбас дар Ғазза ҳадди ақал 300 кӯдакро куштааст

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кардааст, ки аз замони эълони оташбас дар моҳи октябри соли 2025 то кунун, ҳадди ақал 300 кӯдак дар Навори Ғазза аз ҷониби Исроил кушта ва садҳо кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.

ЮНИСЕФ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе гуфтааст, ки аксари кӯдакони захмӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд ва ҳамчунон дар интизори поёни хушунатҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ваъдаи қатъи онҳо дода шуда буд.

Эдуард Бейгбедер, мудири минтақавии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, гуфтааст, оташбасе, ки ба таври миёна ҳар рӯз боиси марги як кӯдак мешавад, ноумедии кӯдакони Ғаззаро бештар кардааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки кӯдакон қаблан низ ваъдаҳои зиёде шунидаанд, аммо ин бор тавофуқҳо бояд ба амал табдил шаванд.

ЮНИСЕФ аз ҳамаи тарафҳои даргир хостааст, ки ба уҳдадориҳои худ тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар, пойбанд бошанд.

Ин ниҳод ҳамчунин, бар зарурати ҳифзи кӯдакон, таъмини дастрасии онҳо ба хадамоти асосӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои тандурустӣ, омӯзиш, оби ошомидании солим ва ғизо, инчунин, фароҳам сохтани дастрасии бехатар, фаврӣ ва бидуни монеаи кумакҳои башардӯстона ба кӯдакони ниёзманд таъкид кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.