Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти ҷавоне, ки худро талбанда муаррифӣ мекарду ашёҳои гуногунро медуздид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки Баҳрулло Уроқов, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар иттилоия омадааст, ки Баҳрулло Уроқов ҳамчун талбанда вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гардида, дар ҳолати набудани соҳибхонаҳо маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи арзишмандро тасарруф мекардааст.
Аз ҷумла, 4-уми август, аз манзили зисти шаҳрванд Баротов А., воқеъ дар кӯчаи А. Ғуломов, телефонҳои мобилӣ ва ҷавоҳиротро, ки дар маҷмуъ 60 ҳазор сомонӣ арзиш доранд, дуздидааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан ду маротиба бо ҳамин ҷурм суд шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”