Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Бар хилофи талаботи Қонуни танзим”. Кумитаи дин як блогерро барои намоишкорона баргузор кардани «Gender Party» даъват кард
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даъват кардани як блогер бинобар баргузор намудани «Gender Party» бо шумораи зиёди одамон хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Жасмин Назариева маъракаи вобаста ба эълон намудани ҷинси тифли дар батнаш буда, ё худ «Gender Party»-ро бо ҳузури шумораи муайяни иштирокдорон ва ба таври намоишкорона баргузор намуда, навори онро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кардааст.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади баҳои ҳуқуқӣ додан ба ҳолати мазкур, пешгирии такрори чунин ҳолатҳо ва фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ шаҳрванд Жасмин Назариева ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.
“Ин гуна амалҳо, агар аз як ҷониб, ба фарҳанг, суннат ва арзишҳои миллии мардуми тоҷик созгор набошанд, аз ҷониби дигар, бар хилофи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор мераванд”, - зикр шудааст дар иттиллоия.
Дар ин росто, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки аз баргузории маъракаҳои тақлидӣ ва барои ҷомеаи мо бегона, ки боиси ташвиқи намоишкорӣ ва исрофкорӣ мегарданд, худдорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”