Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зеленский: “Ду корхонаи коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор додем”
Раиси ҷумҳури Украина имрӯз эълом кард, ки артиши ин кишвар дар ҳамлаҳои худ ду корхонаи коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор додааст.
Ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои Русия ва Украина, Владимир Зеленский имрӯз эълом кард, ки неруҳои украинӣ корхонаи коркарди нафти воқеъ дар Ҷумҳурии Бошқиристон ва вилояти Ярославлро дар ҳамлаҳои дурбурд ҳадаф қарор доданд.
Аксҳои нашршуда аз ин ҳамла, ба ҳаво бархостани дуди сиёҳро бар фарози шаҳри Ярославл нишон медиҳанд.
Раиси вилояти Ярославл ин ҳамларо “бузургтарин ҳамлаи паҳподии душман” тавсиф карда ва гуфтааст: “93 паҳпод раҳгирӣ шуданд, аммо бар асари суқути боқимондаҳои паҳподҳо, махзанҳои захираи нафт осеб диданд”.
Зеленский, ҳамчунин, эълом кард, ки ду қаиқи низомӣ ва чанд киштии вобастаи Русия дар Баҳри Сиёҳ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Тибқи эъломи артиши Русия, дар маҷмуъ 605 паҳподи украинӣ дар чанд минтақа, аз ҷумла Ярославл, раҳгирӣ ва нобуд шудаанд.
Украина дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои шадиде алайҳи зерсохтҳои Русия, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои тиҷорӣ анҷом додааст.
Дар муқобил, мақомоти Украина эълом карданд, ки бар асари ҳамлаи паҳподии Русия ба як минтақа, се нафар кушта шуда ва ду нафари дигар ҳам дар ҳамлае ба як истгоҳи роҳи оҳан ҷони худро аз даст доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”