Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз 31 ҳазор нафар. Теъдоди довталабон ба муассисаҳои миёна ва олии касбии кишвар афзудааст
Тибқи иттилои Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон 124 ҳазору 323 довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ аз қайд гузаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 335 нафар зиёд аст.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар даври асосӣ аз 2-юми март то 30-юми апрел 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.
Дар ин росто, дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт доир гашт, 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки соли равон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,78 дарсад зиёд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”