Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои ба даст овардани Стипендияи “Дурахшандагон” оғоз шуд
Бинобар иттилои Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, марҳилаи якуми қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” оғоз ёфта, то охири феврали соли 2027 идома меёбад.
Иттилоъ дода мешавад, ки барнома барои тамоми зинаҳои таҳсилот бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ эълон шудааст.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ инҳо мебошанд: нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн, маълумотнома дар бораи доштани ё надоштани доғи судӣ (ИЦ ВКД), маълумотномаи тиббӣ шакли 038 (086), маълумотномаи наркологӣ, маълумотнома оид ба ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ), маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД, тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом), расид аз “Амонатбонк” (яксаду бист сомонӣ), сертификати донистани забони хориҷӣ (IELTS, TOEFL, DUOLINGUO, GOETHE, H&C) ва 1 дона расм андозаи 3×4 см.
Гуфта мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” анҷом дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”