27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
06.08.2026 08:46

Вэнс: “Эрониҳо музокиракунандагони сарсахт ҳастанд”

Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, эътироф кардааст, ки эрониҳо музокиракунандагони сарсахт ҳастанд. Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки Вашингтон барои расидан ба як роҳи ҳал бо Эрон аз ҳамаи абзорҳои низомӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ истифода хоҳад кард.

Вэнс ин изҳоротро субҳи имрӯз, 6-уми август дар мусоҳиба бо шабакаи “Фокс Нюз” (Fox News) баён кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар дохили ҳукумати Эрон афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ҷанг поён ёбад ва дар баробари он, тундравоне низ ҳастанд, ки хостори идомаи ҷанганд.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико бо иддаои мавҷудияти ихтилофи назар дар дохили Эрон дар бораи музокира бо Амрико гуфтааст: “Вазифаи мо даст ёфтан ба беҳтарин натиҷаи мумкин барои мардуми Амрико аст”.

Вэнс таъкид кардааст, ки миёни ӯ ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар масъалаи Эрон ҳеч ихтилофи назаре вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳукумати Амрико барои иҷрои тасмимҳои Трамп муттаҳид ҳастанд. Вэнс иддао кардааст: “Қимати энержӣ коҳиш хоҳад ёфт, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт ва мо дар мавқеи қавитар қарор хоҳем гирифт”.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико дар бораи гузоришҳо оид ба ихтилоф бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ гуфтааст, ки дар охирин дидори онҳо ҳеч гуна рӯёрӯӣ вуҷуд надошта ва ду тараф гуфтугӯи хуб ва ошкоро анҷом додаанд.

Ӯ Исроилро “шарики олӣ”-и Амрико хонда, гуфтааст: “Мисли дигар муттаҳидонамон, баъзан мавзеъҳои мухталиф дорем”.

Вэнс дар поён афзудааст: “Нақши ман пайгирии манфиатҳои Амрико аст ва мо барои даст ёфтан ба ҳадафҳои муштаракамон бо Исроил ҳамкорӣ мекунем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.