27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
05.08.2026 15:56

Парвандаи Эпштейн дар Британия дубора боз мешавад

Давлати нави Британия дар ҳоли баррасии бозкушоии парвандаи Ҷеффрӣ Эпштейн ва ташкили як кумитаи таҳқиқоти умумӣ дар бораи фаъолияти ин ҷинояткори маъруфи ҷинсӣ дар хоки Британия мебошад.

Ба гузориши расонаҳо Алекс Дэвис-Ҷонс, вазири умури қурбониён дар парвандаи Ҷеффрӣ Эпштейн, дар суҳбат бо “Би-би-сӣ” гуфтааст, ки Энди Бернем, нахуствазири Британия, қасд дорад бо қурбониёни Эпштейн дидор кунад ва пас аз он эҳтимоли ташкили таҳқиқоти умумӣ дар бораи паҳлуҳои ин парванда вуҷуд дорад.

Ӯ гуфтааст: “Мо ин мавзуъро баррасӣ мекунем.”

Ҳамзамон, полиси Британия низ дар ҳоли таҳқиқи чандин ҳолатҳои ҷиноии марбут ба Эпштейн мебошад. Ин ҳолатҳо аз озори ҷинсии кӯдакон ва қочоқи занон тавассути фурудгоҳҳои Британия то сӯистифода аз мавқеъҳои ҷамъиятиро дар бар мегиранд.

Тақрибан ҳафт сол пас аз марги Эпштейн дар як зиндон дар Амрико, ҷанҷоли марбут ба ӯ доираҳои сиёсии Британия ва Амрикоро такон додааст. То кунун ин парванда ба боздошти Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, бародари подшоҳи Британия ва хориҷ шудани ӯ аз хонаводаи шоҳӣ, инчунин, Питер Манделсон, сафири пешини Британия дар Иёлоти Муттаҳида, сабаб шудааст.

Ба гуфтаи вазири умури қурбониён, дар сурати ташкили кумитаи таҳқиқ, эҳтимол дорад иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи Муҳаммад Ал-Фоид, сармоядори мисрӣ ва соҳиби фурӯшгоҳи Ҳарродс, ки аз сӯйи садҳо нафар ба таҷовуз ва озори ҷинсӣ муттаҳам шудааст, низ дар чорчӯби ин баррасиҳо мавриди таҳқиқ қарор бигирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.