Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: Музокирот бо Умон дар мавриди тангаи Ҳурмуз идома дорад
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, аз идомаи музокироти Теҳрон ва Масқат барои танзими убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз хабар додааст.
Бақоӣ шаби сешанбе, 4-уми август, дар суҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки ин музокирот миёни ду кишвари соҳилии тангаи Ҳурмуз бо тамаркуз бар муайян кардани масирҳои амни рафтуомади киштиҳо идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин музокирот таъмини ҳуқуқи ҳокимиятии ҳарду кишвар ва дар айни замон дар назар гирифтани мулоҳизаҳои марбут ба амнияти миллии Эрон ва Умон мебошад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзудааст, ки музокирот то кунун ҳам дар сатҳи фаннӣ ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ мусбат арзёбӣ мешавад. Ӯ гуфт, Теҳрон талош дорад дар ҳамкорӣ бо Масқат иқдомҳои лозимро барои идораи рафтуомади киштиҳо дар ин гузаргоҳи стратегии байналмилалӣ таҳия кунад.
Бақоӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки натиҷаҳои ниҳоии музокирот пас аз ҷамъбандӣ ба таври расмӣ эълом хоҳад шуд.
Пеш аз ин, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфта буд, ки музокирот бо Умон дар бораи тангаи Ҳурмуз ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Ӯ рӯзи душанбе низ дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои уммонии худ масъалаҳои марбут ба ин музокиротро баррасӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”