Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Заминларза бо қувваи 6.3 дараҷа Филиппинро такон дод: аз талафот гузорише нашр нашудааст
Заминларзае ба қувваи 6.3 дараҷа рӯзи чоршанбе дар наздикии соҳили ҷанубии Филиппин рух додааст, аммо то кунун аз талафоти ҷонӣ ё хисороти молӣ гузорише нашр нашудааст.
Ба гузориши Созмони заминшиносии Иёлоти Муттаҳида (USGS), маркази ин заминларза дар 32-километрии ҷанубу ғарби ҷазираи хурди Саранганӣ ҷойгир буда, соати 12:14 ба вақти маҳаллӣ (04:14 ба вақти Гринвич) сабт шудааст.
Бар асоси гузориш, ин заминларза боиси эъломи ҳушдори сунамӣ нашудааст ва мақомот то ҳол аз талафоти инсонӣ ё зарари молӣ хабар надодаанд.
Ин рӯйдод пас аз заминларзаи пурқудрати 8-уми июн дар ҷазираи Минданао рух медиҳад. Он заминларза боиси фурӯ рехтани биноҳо, лағзиши замин ва ҳалокати дастикам 76 нафар шуда буд.
Филиппин ба далели воқеъ шудан дар Ҳалқаи оташи Уқёнуси Ором яке аз кишварҳои зилзилахези ҷаҳон ба шумор меравад ва заминларзаҳо дар он ба таври пайваста рух медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”