27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷойи якум, GRAND PRIX ва унвони «Беҳтарини Осиё – 2026». Дастовардҳои Зебинисо Исмоилова аз Фестивал-озмуни «ZHETI ONER – TASHKENT»
Таълимгирандаи маҳфили «Рақс»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебинисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни XII байналмилалии санъати «ZHETI ONER – TASHKENT», ки бо ташаббуси маркази эҷодии «Jeti Oner» баргузор гардид, иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Тавре хабар дода мешавад, Зебинисо Исмоилова бо иҷрои рақси миллии хореографии «Зарбҳои кӯҳистон» фарҳанги волои миллии тоҷикон, ҳунари баланди саҳнавӣ ва маҳорати эҷодии худро муаррифӣ намуда, аз рӯйи натиҷаи озмун бо Дипломи дараҷаи I (Ҷойи якум) сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, гуфта мешавад, ки барои истеъдоди нодир, маҳорати баланди ҳунарӣ ва саҳми арзанда дар рушди санъат, ба ӯ Ҷоизаи олӣ – GRAND PRIX тақдим карда шуд.
Илова бар ин, дар доираи ҳамин фестивал-озмун ӯ ба унвони фахрии «Беҳтарини Осиё – 2026» (AZIA ÜZDIGI – 2026) сазовор гардида, бо Ҷоизаи махсус қадрдонӣ гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки Зебинисо Исмоилова бо роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи маҳфили «Рақс» Машхура Ҳакимова ва Кабиров Хуҷакмар омода гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”