Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Солеҳа Холмаҳмадзода ва Кэтрин Смиттон масъалаи муҳоҷирати бехатарро баррасӣ карданд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоотонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, саводнокии молиявӣ ва омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ба ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари корфармоёни бритониёӣ ва сафарбаркунии бештари хоҳишмандон барои корҳои мавсимӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”