27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
04.08.2026 16:01

Дар Кореяи Ҷанубӣ аз мавҷи гармои шадид 16 нафар ба ҳалокат расиданд

Мавҷи гармои бесобиқа дар Кореяи Ҷанубӣ аз аввали соли ҷорӣ то кунун боиси марги дастикам 16 нафар шуда, беш аз ду ҳазор мавриди бемориҳои вобаста ба гармиро сабт кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ёнҳап” (Yonhap), мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтаанд, ки дар авҷи гармои шадид рӯзи якшанбе ду нафар ва рӯзи душанбе як нафар ҷон бохтанд.

Дар пайи ин вазъ, Ли Ҷе Мён, раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, хостори суръат бахшидан ба тадбирҳои муқобилият бо хушксолӣ ва бознигарии низоми муҳофизат ба офатҳои табиӣ шудааст.

Ҳамзамон бо пешбинӣ шудани боло рафтани ҳарорати ҳаво то 38 дараҷа, шаҳри Сеул барои нахустин бор баландтарин сатҳи ҳушдори “мавҷи гармои шадид”-ро содир кард.

Созмони ҳавошиносии Кореяи Ҷанубӣ ин ҳушдорро барои 11 минтақаи пойтахт эълом кардааст.

Бар асоси омори давлатӣ, танҳо рӯзи душанбе дар шаҳри Сеул 18 мавриди бемориҳои вобаста ба гармӣ сабт шудааст. Бо ин ҳисоб, шумори умумии чунин бемориҳо аз нимаи моҳи май то кунун дар пойтахт ба 185 маврид расида, ки ду ҳолати марг низ дар миёни онҳо сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Кореяи Ҷанубӣ бо ирсоли паёмакҳои ҳушдори изтирорӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки аз фаъолиятҳои ғайризарурӣ дар фазои боз худдорӣ кунанд, оби кофӣ бинӯшанд, дар ҷойҳои салқин истироҳат намоянд ва дар рӯзҳои идомаи мавҷи гармо вазъи аъзои хонаводаи худро пайгирӣ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.