Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
1,5 баробар зиёд. Дар кишвар беш аз 800 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шудааст
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар ба масоҳати умумии 802,9 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 1,5 баробар зиёд мебошад.
“Аз рӯи минтақаҳо ҳиссаи бештари манзилҳои нав ба шаҳри Душанбе рост омада, дар пойтахт 265,6 ҳазор метри мураббаъ ё 33,1 фоизи ҳаҷми умумии манзилҳои ба истифода додашуда сохта шудааст. Дар вилояти Суғд 255,4 ҳазор метри мураббаъ ё 31,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 202,9 ҳазор метри мураббаъ ё 25,3 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71,5 ҳазор метри мураббаъ ё 8,9 фоиз манзил ба истифода дода шудааст”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 675 ҷойи нишаст сохта ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ин шумора 6239 ҷой ба вилояти Хатлон, 2308 ҷой ба вилояти Суғд, 3032 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 96 ҷой ба ВМКБ рост меояд. Ҳамчунин, барои беҳтар намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, дар ин давра муассисаҳои томактабӣ барои 1792 ҷой ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 1204 ҷой, дар вилояти Суғд 128 ҷой ва дар шаҳри Душанбе 460 ҷой сохта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”