Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамкории Шурои сулҳи Ғазза дар пешбурди тарҳи кӯчонидани фаластиниён бо Исроил ифшо шуд
Телевизиони давлатии Исроил иддао кардааст, ки “Шурои сулҳи Ғазза” дар чорчӯби музокироти марбут ба оташбас бо мақомоти исроилӣ барои иҷрои тарҳи интиқоли сокинони Навори Ғазза ҳамкорӣ кардааст.
Шабакаи “Кан” рӯзи душанбе бо нашри ҷузъиёти санаде гузориш дод, ки ин Шуро уҳдадор шудааст кишварҳоеро барои қабули донишҷӯён ва беморони фаластинӣ муайян кунад. Ба навиштаи ин расона, чунин иқдом метавонад дар амал заминаи интиқоли бахше аз сокинони Ғаззаро ба хориҷ фароҳам созад.
Бар асоси ин гузориш, ин пешниҳод ҳамзамон бо музокирот дар бораи марҳилаи дуюми тавофуқи оташбас ва дар чорчӯби тарҳи 20-моддаии раиси ҷумҳури Амрико ба Исроил ироа шудааст.
Ба гуфтаи шабакаи “Кан”, дар ин санад аз Тел-Авив хоста шудааст, ки илова бар фароҳам кардани имкони интиқоли беморони фаластинӣ ба кишварҳои хориҷӣ, барои фиристодани донишҷӯёни Ғазза ба дигар кишварҳо низ барнома таҳия кунад.
Ин расонаи исроилӣ гуфтааст, ки ҳарчанд дар матни санад аз “муҳоҷирати ихтиёрӣ” ном бурда нашудааст, аммо муҳтавои он нишон медиҳад, ки ин пешниҳод метавонад ҷойгузини тарҳе бошад, ки пештар аз сӯйи мақомоти Исроил ва дар бархе мавридҳо аз ҷониби Доналд Трамп матраҳ шуда буд, вале пас аз мухолифати густурдаи кишварҳои арабӣ аз дастури кори ошкор хориҷ гардид.
Ба эътирофи шабакаи Кан, иҷрои ин пешниҳод метавонад шароити хориҷ шудани бахше аз сокинони Ғаззаро муҳайё созад.
Ин расона ҷузъиёте дар бораи шумори афроди шомили тарҳ, кишварҳои эҳтимолии қабулкунанда, механизми иҷро ё замони татбиқи он нашр накардааст. Ҳамчунин, то кунун ҳеч як аз мақомоти Исроил ё дигар ҷонибҳои марбут расман дар бораи муҳтавои ин санад изҳори назар накардаанд.
Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳамзамон бо идомаи ҷанг дар Навори Ғазза, сарнавишти беш аз ду миллион сокини ин минтақа ҳамчунон дар меҳвари музокироти минтақаӣ ва байналмилалӣ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, бархе таҳлилгарони фаластинӣ таъкид доранд, ки Исроил бо заиф сохтани ниҳодҳои расмӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз чаҳорчӯби қонун, дар пайи густариши бесуботӣ дар Ғазза ва водор кардани фаластиниён ба тарки сарзамини худ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”