27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
03.08.2026 14:30

Бақоӣ иддаои Трампро рад кард: “Бо Амрико ҳеч музокирае надорем”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, иддаои Доналд Трамп дар бораи оғози музокироти Эрон ва Амрикоро рад карда, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч гуфтугӯе миёни ду кишвар ҷараён надорад ва тамаркузи музокироти кунунӣ танҳо бар ҳамоҳангӣ бо Уммон дар бораи амнияти киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз аст.

Бақоӣ рӯзи душанбе, 3-уми август дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки вазири корҳои хориҷии Эрон барои сафари Арбаъин роҳии Ироқ шудааст ва ҳамаи аъзои ҳайати музокиракунандаи эронӣ дар дохили кишвар ҳузур доранд.

Вай дар посух ба суоле дар бораи изҳороти ахири Доналд Трамп, ки гуфта буд музокирот бо Эрон аз имрӯз оғоз мешавад, афзуд: “Ҳоло ҳеч музокирае бо Амрико надорем”.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки гуфтугӯҳои давомдор бо Уммон танҳо ба муайян кардани масири амни убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, ин музокирот дуҷониба буда, байни ду кишвари соҳилӣ анҷом мешавад ва ҳадафи он таъмини амнияти киштиронӣ аст.

Бақоӣ гуфт, тавофуқ бар сари масири нави ҳаракати киштиҳо барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз “шарти зарурӣ” аст, аммо барои боз шудани комили ин оброҳ кофӣ нест. Ӯ таъкид кард, ки баста шудани тангаи Ҳурмуз натиҷаи “таҷовузи низомии Амрико ва Исроил” буда ва то замоне ки ин вазъият идома ёбад, тағйири ҷиддие дар шароити ин гузаргоҳи муҳим ба вуҷуд нахоҳад омад.

Вай ҳамчунин, гуфт, Покистон миёнарави асосӣ дар масъалаҳои марбут ба Эрон ва Амрико аст ва Қатар низ дар баъзе мавридҳо нақши кумаккунанда дорад. Ба гуфтаи ӯ, Чин аз роҳи талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо саҳм мегирад, аммо миёнарави нави ин раванд нест.

Бақоӣ дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт, Эрон ҳамчунон бо кишварҳои минтақа дар тамос аст ва афзуд, ки Теҳрон бар афзоиши тавони боздорандагии худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид мекунад.

Ин изҳорот дар ҳоле баён мешавад, ки Доналд Трамп пештар аз оғози музокирот бо Эрон хабар дода буд, аммо мақомоти эронӣ ин иддаоро рад кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.