27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
31.07.2026 17:55

Қонунгузори амрикоӣ: “Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида нодон ва дурӯғгӯ аст”

Тед Лё, муовини раиси фраксияи демократҳои Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида аз иёлати Калифорния, бо интиқод аз пешниҳоди ҷорӣ кардани тарофаҳои нав алайҳи Эрон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро “нодон ва дурӯғгӯ” хондааст.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Лё рӯзи ҷумъа дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо бознашри изҳороти Трамп дар бораи ҷорӣ кардани тарофаҳои тиҷоратӣ алайҳи Эрон навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз пештар тиҷорат бо Эронро таҳти маҳдудият қарор додааст ва тарофаҳои нав таъсири амалие нахоҳанд дошт.

Вай афзудааст, ки Эрон аз ин таҳдиди Трамп “механдад” ва онро ҷиддӣ намегирад.

Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи эҳтимоли тасвиби лоиҳаи таҳримҳои Русия ва Эрон аз сӯйи Конгресс гуфта буд, ки мехоҳад Эрон низ ба феҳристи кишварҳое, ки алайҳи онҳо тарофа ҷорӣ мешавад, илова гардад.

Трамп иддао кардааст, ки ҷорӣ шудани тарофаҳо алайҳи Эрон ин иқдомро “бисёр қавитар” хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки ба назари вай, ҳам алайҳи Русия ва ҳам алайҳи Эрон бояд тарофа ҷорӣ шавад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон ҳамчунон идома дошта, ду кишвар дар масъалаҳои таҳримҳо, барномаи ҳастаӣ ва сиёсати минтақавӣ ихтилофҳои ҷиддӣ доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.