Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд 110,2 фоиз таъмин гардидааст
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз таъмин гардидааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 118 ҳазор тонна, аз ҷумла 41,5 ҳазор тонна пиёз, 62,7 ҳазор тонна картошка, 16,6 ҳазор тонна полезӣ таъмин шудааст. Инчунин, 77,8 ҳазор тонна мевагиҳо ва зироатҳои хӯроки чорво 95,5 ҳазор воҳиди хӯрока истеҳсол шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 46 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 11 ҳазор тонна, моҳӣ 491,1 тонна, шир 193 ҳазор тонна, тухм 460,1 миллион дона, асал 204,6 тонна ва пашм 1442,5 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 125,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 114,7 фоиз, моҳӣ 109,7 фоиз, шир 114,1 фоиз, асал 100,2 фоиз ва пашм 100,9 фоиз таъмин шудааст.
Ҳамчунин, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд 463,1 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 439,4 гектар боғ ва 23,6 гектар токзори нав бунёд карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”