Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон аз ҳамлаи паҳподӣ ба як пойгоҳи низомии Амрико дар Кувайт хабар дод
Артиши Эрон эълом кардааст, ки дар як ҳамлаи паҳподӣ таъсисоти низомии Иёлоти Муттаҳида дар пойгоҳи ҳавоии “Аҳмад ал-Ҷобир”-и Кувайтро ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои ахири Вашингтон анҷом шудааст.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи ҷумъа, 31-уми июл, гузориш додааст, ки артиши Эрон гуфтааст, ин ҳамла бо истифода аз паҳподҳо анҷом шуда, сомонаҳои иртибототи моҳвораӣ ва анборҳои таҷҳизоти низомӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.
Бар асоси ин гузориш, артиши Эрон афзудааст, ки амалиёти мазкур дар вокуниш ба ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба як хонаи истиқоматӣ дар ҷазираи Қишм анҷом дода шудааст.
Эрон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки пойгоҳи низомии “Аҳмад ал-Ҷобир” яке аз марказҳои муҳимми Амрико барои анҷоми амалиётҳои иктишофии ҳавоӣ ва пуштибонии низомӣ дар минтақа ба шумор меравад.
Ин дар ҳолест, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар моҳҳои ахир афзоиш ёфта, ду тараф пас аз ҳамлаҳои мутақобил ҳамдигарро ба анҷоми иқдомҳои низомӣ муттаҳам мекунанд.
То кунун мақомоти Амрико ва Кувайт дар бораи ин иддаои Эрон изҳори назари расмӣ накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”