Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ислом Махачев: “Дилам ба Конор месӯзад, намехостам чунин мағлуб шавад”
Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев дар мавриди бозгашти Конор Макгрегор ва шикасти ҳангомавии ӯ аз Макс Холлоуэй ибрози назар кард.
“Ростӣ, дилам ба Конор месӯзад. Ман намехостам, ки ӯ пас аз панҷ сол баргардад ва ба ин шакл мағлуб шавад, - гуфтааст Ислом Махачев.
Ёдовар мешавем, ки 12-уми июл мусобиқаи UFC 329 баргузор гашт, ки дар муҳорибаи асосии он собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор ва собиқ чемпиони UFC Макс Холлоуэй рақобат карданд.
Бозгашти ситораи асосии UFC пас аз панҷ сол сару садоҳои зиёдро ба бор овард, вале интизориҳоро бароварда накард. Баробари оғоз шудани муҳориба, Конор Макгрегор хост бо пой зарба занад, вале ба ҷойи ба ҳариф зарар расонидан, зонуи худаш осеб бардошт ва дар миёни як дақиқа се бори дигар ба замин афтод. Ҳамин тавр, дар як дақиқаву панҷ сонияи аввал Конор Макгрегор бо сабаби ҷароҳат бардоштан, аз идомаи рақобат даст кашид ва Макс Холлоуэй тариқи накаути техникӣ ғалаба кард.
Интизор мерафт, ки агар Конор Макгрегор ғолиб меомад, барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна бо ғолиби муҳорибаи Ислом Махачев ва Иэн Герри рақобат мекард ва ин хеле ҷолиб мебуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”