Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бақоӣ: “Амрико ва Исроил муқассирони аслии вазъияти кунунии ҷаҳон ҳастанд”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Амрико ва Исроилро муқассирони аслии вазъияти кунунии ҷаҳон донистааст.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи панҷшанбе, 30-уми июл, гузориш додааст, ки Бақоӣ ин суханонро дар вокуниш ба изҳороти ахири Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар бораи бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи байналмилалӣ матраҳ кардааст.
Бақоӣ хитоб ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст: “Чаро аз маҳкум кардани касоне, ки наслкушӣ кардаву ҷиноятҳои ҷангӣ фароҳам кардаанд, ибо доред?”
Бақоӣ бо ишора ба суханони Антониу Гутерриш дар бораи густариши масуният аз муҷозот ва тарҷеҳи роҳҳалҳои низомӣ, аз ӯ ба далели ном набурдани Амрико ва Исроил ба унвони “муқассирони аслӣ” интиқод кардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар моҳҳои ахир бар сари барномаи ҳастаӣ, таҳримҳо ва ҳимояти Вашингтон аз Исроил афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”