27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
30.07.2026 18:50

Пекин овозаҳо дар бораи ирсоли силоҳ ба Эронро беасос хонд

Вазорати корҳои хориҷии Чин гузоришҳо дар бораи эҳтимоли ирсоли аслиҳа ба Эронро “нодуруст ва беасос” хонда, таъкид кардааст, ки Пекин ҳамеша дар коҳиши танишҳо ва пешбурди сулҳ нақши созанда доштааст.

Мао Нин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба гузоришҳое, ки Пекин қасд дорад чандин мушакро дар ихтиёри Эрон қарор диҳад, рад кардааст.

Ба гузориши “Глобал Таймс”, Мао Нин дар посух ба суоли хабарнигорон чунин гуфтааст: “Мо пеш аз ин ҳам дар мавридҳои гуногун мавқеи худро дар ин замина ба таври рӯшан баён кардаем. Чин ҳамеша дар пешбурди сулҳ ва коҳиши танишҳо дар даргириҳо нақши созанда доштааст”.

Изҳороти ин мақоми чинӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки рӯзи гузашта бархе расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла “Ройтерз”, муддаӣ шуданд, ки Эрон дар ҳафтаҳои оянда нахустин маҳмула аз маҷмуи тақрибан 400 сомонаи мушакии падофанди ҳавоии сохти Чинро дарёфт хоҳад кард.

Ин аввалин бор нест, ки расонаҳои ғарбӣ аз ҳамкории таслиҳотии Чин ва Эрон гузориш медиҳанд. Аз замони авҷ гирифтани танишҳо дар Ғарби Осиё, ба вижа пас аз оғози ҷанги Амрико алайҳи Эрон, кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида борҳо бо матраҳ кардани чунин иддаоҳо, ҳамкориҳои миёни Теҳрон, Пекин ва Маскавро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд.

Дар айни ҳол, Чин, Эрон ва Русия ҳамеша таъкид кардаанд, ки равобити онҳо моҳияти дифоӣ ва иқтисодӣ дорад ва чунин овозаҳоро бахше аз талошҳои Ғарб барои густариши “Эронҳаросӣ” ва “Чинҳаросӣ” медонанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.