Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон: Бо Эрон ва Амрико дар тамосем
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, Тоҳир Андаробӣ, ки кишвараш миёнҷии музокироти миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аст, гуфтааст, ки Исломобод талош дорад ду тарафро ба Тафоҳумномаи Исломобод бозгардонад.
Андаробӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Исломобод бо таъкид бар ин ки дипломатия танҳо роҳи ҳал аст, муддаӣ шуда, ки музокироти миёни Амрико ва Эрон “ҳамчунон идома дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, “музокироти ду ҷониб, ба вижа дар бораи тангаи Ҳурмуз ва коҳиши танишҳо, дар ҳоли анҷом аст”.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон афзуд: “Мо тамоми талоши худро ба харҷ медиҳем, то ҳамаи тарафҳоро ба Тафоҳумномаи Исломобод бозгардонем”.
Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Покистон ҳамаи кишварҳоро ташвиқ мекунад, то “ба таври комил ба уҳдадории худ барои баргузории музокироти фаннӣ” дар чорчӯби Тафоҳумномаи Исломобод пойбанд бимонанд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба нақзи уҳдадории худ дар чорчӯби Тафоҳумномаи Исломобод ва анҷоми иқдомҳое алайҳи Эрон идома медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”