27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
30.07.2026 11:35

Ду миллиарду 430,7 миллион сомонӣ. Гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо беш аз 50 фоиз афзудааст

Бинобар иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон гардиши савдои хӯроки умумӣ якҷо бо хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 430,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 54,9 фоиз афзудааст.

Манбаъ меафзояд, ки танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин бахш 427,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи июни соли қабл 66,5 фоиз зиёд мебошад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар пойтахт ба 1 миллиарду 112,2 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз зиёд буда, тақрибан нисфи ҳаҷми умумии гардишро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, дар вилояти Хатлон гардиши хизматрасонӣ 724,7 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 22,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар вилояти Суғд бошад, ҳаҷми гардиш ба 480,5 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш 8,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми хизматрасонӣ ба 97,9 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд шудааст. Дар ВМКБ бошад, гардиши хизматрасонӣ 15,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

 

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.