27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
30.07.2026 09:55

Ҷунбишҳои эътирозии занони Афғонистон аз муборизаҳо бар зидди Толибон дар Бадахшон ва дигар минтақаҳо ҳимоят кард

Ҷунбишҳои эътирозии занони Афғонистон бо нашри баёнияи муштарак аз истодагӣ ва муборизаҳои неруҳои озодихоҳ бар зидди Толибон дар Бадахшон ва дигар вилоятҳои ин кишвар ҳимоят кардааст.

Ин ҷунбишҳои эътирозии занон рӯзи чоршанбе, 29-уми июл, гуфтаанд, ки ҳокимияти гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон бо саркӯб, табъиз, хушунат ва нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, мардуми Афғонистонро дар яке аз ториктарин давраҳои таърихи муосир қарор додааст.

Бар асоси ин баёния, ҷунбишҳои эътирозии занони Афғонистон бо ишора ба вазъи занону духтарони ин кишвар таҳти ҳокимияти Толибон гуфтаанд, ки занон аз иштирок дар зиндагии иҷтимоӣ маҳрум буда, дар зери сояи апартеиди ҷинсие, ки аз сӯйи Толибон ҷорӣ шудааст, зиндагӣ мекунанд.

Дар баёния омадааст, ки имрӯз мардуми Афғонистон ба нуқтае расидаанд, ки идомаи таҳаммули ин вазъиятро номумкин медонанд ва дар чунин шароит истодагӣ ва муқовимат дар баробари истибдод, хости табиӣ ва ҳақи мардумест, ки тамоми роҳҳои осоиштаи додхоҳӣ бар рӯи онҳо баста шудааст.

Дар бахши дигари баёния таъкид шудааст: “Мо бо эҳтиром аз истодагии ҷавонони озодихоҳи Афғонистон дар вилояти Бадахшон таҳти номҳои Ҷабҳаи озодӣ, Сипоҳи Ватан ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ёд мекунем: ҷавононе, ки аз дили ҳамин ҷомеа бархостаанд ва дар кӯҳистони Помири Бадахшон барои озодӣ, каромати инсонӣ, адолат ва раҳоии мардуми Афғонистон аз ҳокимияти Толибон истодагӣ мекунанд”.

Дар ин баёния аз табъиз алайҳи пайравони мазҳаби шиа, издивоҷҳои иҷборӣ, боздоштҳои худсарона, табъиз нисбат ба забони форсӣ ва дигар мавридҳо ҳамчун намунаҳои саркӯби ҷомеаи гуногунмиллати Афғонистон аз сӯйи Толибон ёд шудааст.

Ҷунбишҳои эътирозии занони Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки муборизаҳои қонунии мардуми Афғонистон ва ҷабҳаҳои озодихоҳу муқовиматро ба расмият шинохта, садои мардуми Афғонистонро бишнаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.