Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кадом довталабон дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок карда метавонанд?
Аз 11-ум то 13-уми август даври азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар асоси ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва миёнаи касбӣ оғоз мегардад.
Бинобар иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давр довталабоне ҳаққи иштирок доранд, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, аммо аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот нашудаанд.
Дар ин росто, довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд ва ё дар асоси натиҷаи ин озмун ба яке аз муассисаҳои таълимӣ тақсимот шудаанд, ҳаққи иштирок дар даври мазкурро надоранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки довталабон ҳангоми азнавбақайдгирӣ имкон доранд то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намоянд. Феҳристи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ дар сомонаи ntc.tj дастрас мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”